Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз пайдо шудани навзоде хабар дод, ки чанд рӯз пеш аз таваллудхонаи №1-и пойтахт рабуда шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур дар рӯзҳои охир боиси нигаронии ҷомеа ва паҳн шудани гумону тахминҳои гуногун гардид.
Кормандони милитсия дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кӯдакро пайдо карданд.
Тибқи иттилои расмӣ, навзод сиҳату саломат аст.
Ҷузъиёти ҳодиса ва шароити пайдо шудани кӯдак ба таври муфассал баъдтар шарҳ дода мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ