Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел кист?

Соли равон Ҷоизаи сулҳи Нобел ба ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз Африқои Ҷанубӣ Нави Пиллай тақдим карда шуд. Кумита рӯзи 9-уми октябр эълон намуд, ки ӯ барои талошҳояш дар роҳи таҳкими сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалӣ сазовори ин ҷоиза шудааст.

Нави Пиллай 85 сол дошта, дар хонаводаи ҳиндитабори тамилӣ дар Африқои Ҷанубӣ ба дунё омадааст. Ӯ фаъолияти касбии худро дар шароити низоми апартеид оғоз карда, баъдан ба яке аз чеҳраҳои маъруфи ҳуқуқи байналмилалӣ табдил ёфт. Пиллай дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ва Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои Руанда фаъолият карда, солҳои 2008-2014 Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон буд.

Солҳои охир ӯ раҳбарии Кумисюни мустақили Созмони Милал оид ба қаламравҳои ишғолии Фаластинро низ бар уҳда дошт. Кумисюн соли 2025 Исроилро ба наслкушӣ дар Ғазза айбдор кард. Исроил ин хулоса ва фаъолияти Пиллайро шадидан танқид кардааст. Аз ин рӯ, интихоби ӯ ҳамчун барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел низ вокунишҳои гуногун ба бор овард.

Кумитаи Нобел дар шарҳи тасмими худ таъкид кард, ки фаъолияти чандинсолаи Пиллай ба ҳифзи принсипҳои универсалии ҳуқуқ, волоияти қонун ва таҳкими низоми байналмилалии адолат равона шудааст. Ба гуфтаи Кумита, дар шароити афзоиши ҷангу низоъҳо ва фишор ба ниҳодҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимояи қонун барои ҳалли осоиштаи баҳсҳо аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Пиллай аз миёни 287 номзад интихоб шудааст. Маблағи ҷоиза имсол 12 миллион крони шведӣ, тақрибан 1,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Маросими расмии супоридани ҷоиза 10-уми декабр, дар солгарди даргузашти Алфред Нобел баргузор хоҳад шуд.

Зимнан, соли 2026 Ҷоизаи Нобел дар бахши тиб ба Карл Дейсерот (ИМА), Петер Ҳегеман (Олмон) ва Георг Нагел (Олмон), дар бахши физика ба Фрэнсис Ҳалзен (Белгия-ИМА), дар бахши химия ба Анри Б. Каган (Фаронса) ва Кенсо Сои (Ҷопон), дар бахши адабиёт ба Энн Карсон (Канада), дар бахши сулҳ ба Нави Пиллай (Африқои Ҷанубӣ) ва иқтисод ба Роберт Э. Ҳолл (ИМА) ва Майкл Вудфорд (ИМА) дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *