Нуқтаҳои радиошунавонии ноҳияи Ҳамадонӣ аз нав фаъол шуданд

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар ноҳия нуқтаҳои радиошунавонӣ аз нав фаъол гардидаанд.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳия, имрӯз дар ҳудуди ноҳия 45 нуқтаи радиошунавонӣ фаъол гардида, пахши барномаҳои радиои Тоҷикистон ҳамарӯза ба самъи сокинон расонида мешавад.

— Ин иқдом метавонад ҳисси баланди ватандӯстии сокинон, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, пос доштани фарҳанги миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва истиқлоли комили кишварро бори дигар дар ниҳоди ҳар як сокини ноҳия бедор созад. Нуқтаҳои радиошунавонӣ, ки дар биноҳои ҷамоат ва муассисаҳои таълимии ноҳия насб гардидаанд, ҳамарӯза кору фаъолият намуда, раванди фаъолияти онҳо зери назорати бевоситаи муовини раиси ноҳия Давлатҷон Муҳиддинзода қарор дорад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки масъулини ин нуқтаҳо ҳамарӯза аз фаъолияти кори худ маълумот дода, вазъро мудом ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷараён мегузоранд. — Яке аз нуқтаҳои фаъоли радиошунавонӣ дар назди муҷассамаи И. Сомонӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, дар бинои маъмурии Телеком ва назди заводи «Боҳам» қарор дошта, бо пахши барномаҳои ҷолиб ва реҷаи муайян ба сокинон ғизоӣ маънавӣ мебахшад,- зикр мекунад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *