«Облава»-и маҷбурӣ дар Ҳисор

Ба дасти сомонаи «Ахбор” видеое расид, ки лаҳзаи тариқи «облава” дастгир кардани як даъватшаванда дар маркази шаҳри Ҳисорро нишон медиҳад. Дар видео дида мешавад, ки ҳудуди 10 нафар, бо шумули кормандони милиса як ҷавонро дар кӯча мепечонанд ва кашола карда, аз роҳи мошингард мегузаронанд ва дар микроавтобус бор мекунанд.

Бознашр аз «Ахбор»

Дар видео дида мешавад, ки ҷавон ба гурӯҳе, ки ӯро иҳота кардаанд, мехоҳад муқобилият нишон диҳад, вале азбаски қувваҳо нобаробаранд, масъулони «облава” ӯро кашола карда, мебаранд. Дар байни «облава”-чиҳо танҳо ду ё се корманди милиса либоси хидматӣ доранд, вале бақия дар тан либоси мулкӣ пӯшидаанд.

Боздошти ҷавон ва маҷбуран кашонда бурдану ба микроавтобус бор кардани ӯ зери шарҳе эзоҳи раҳгузарон сурат мегирад, ки мегӯянд: «Ин облава аст.”

Кай сабт шудани ин видео маълум нест. Мавсими тирамоҳии даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки 1 октябр оғоз ёфта буд, рӯзи 30 ноябр ба анҷом расид.

Дар гузашта низ дар бораи бо чунин шеваи маҷбурӣ, ки дар байни мардуми бо номи «облава” маъруф шудааст, ба хидмати ҳарбӣ бурдани ҷавонон аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон гузоришҳои зиёд ва видеоҳо нашр мешуданд, вале видеое, ки ба дасти сомонаи «Ахбор” расид, аз нахустин видеоҳоест, ки ба чунин сурати ошкор, дар рӯзи равшан ва дар байни мардум «облава” шудани як ҷавонро нишон медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *