Ҷонибекро ҳамсараш корд зад

Шоми 4 декабр Шоҳсанам Баҳронова, сокини 22-солаи шаҳраки Ғафуров шавҳари 22-солааш Ҷонибек Остоновро бо як зарби корд кушт. Мақомот мегӯянд, ҷанҷоли хунин байни ин зануу шавҳар «аз сабаби нофаҳмии ногаҳон бамиёномада” рух додааст.

Ин ҳодиса тахминан соати 18:00 дақиқа рух додааст. Бино ба маълумоти  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, Бахронова Шоҳсанам, соли таваллудаш 1995, миллаташ тоҷик сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо шавҳараш Остонов Ҷонибек Юлдошевич, соли таваллудаш 1995, миллаташ тоҷик дар ҳавлии истиқоматияшон, ки дар кӯчаи Садовая-10, шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ мебошад, аз сабаби нофаҳмии ба миён омада ҷангҷол карда, бо корди хоҷагидории дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст.

Дар натиҷа Остонов Ҷонибек ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ мешавад. Шаби 4 ба 5 декабр Остонов Ҷонибек аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ҷон дод.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Бахронова Шоҳсанам Илҳомовна бо моддаи 110 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст, вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ҳамчун ҷазо ҳадди аксар то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои нангини куштори аъзои хонавода, аз ҷумла куштани зан аз дасти шавҳар ваё баракс, қатли падар аз ҷониби писар, зинда ба зинда сӯзонидани зан аз ҷониби шавҳар, латукӯби фарзанди ноболиғ аз ҷониби падарон зиёд расонаӣ мешавад.

Аз ҷумла Матлуба Хоҷаназарова, модари 4 фарзанд ва омӯзгори забони англисии мактаби деҳаи Муллодавлати ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдатро шаби 25-октябр шавҳараш аз сари рашк бензин рехта оташ зад. Дар натиҷа Матлуба рӯзи 31-октябр дар бемористон ҷон дод ва шавҳараш табиби анастезиолог Иброҳим Камолов ҳоло дар ҳабс қарор дорад.

Ҳамчунин рӯзи 4 октябр додгоҳи ноҳияи Хуросон Улуғбек Тошпӯлодович Дусановро бар асоси қисми якуми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (куштор) ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Улуғбек Дусанов ба он айбдор дониста шуд, ки «ӯ бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани собиқ ҳамсараш Аннақулова Раҳима Норбоевна, санаи таваллудаш 27 июли соли 1964, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, деҳаи Деҳқонобод29 июли соли 2017 тахминан соати 900дақиқа ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 42 воқеъ дарноҳияи Хуросон, деҳаи Ҳосилот омада, ба утоқи кории директори муассиса даромада,ҳамсараш Аннақулова Раҳимаро бо корди дар дасташ буда чор маротиба ба қисми қафаси сина, шикам ва пушташ задааст.”

Дар натиҷа, Раҳима Аннақулова аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ҳамчунин додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи апрел сокини 35-солаи ноҳияи Нуробод М. Шариповро барои қатли бераҳмонаи ҳамсари 29-солааш ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Шарипов барои як нофаҳмии дар асл хеле ночизтанҳо барои онки ҳамсараш М.М.Саидова «бе иҷозат” мехост ба хонаи волидонаш биравад, ӯро бо табар куштааст. Бино ба ҳукми додгоҳ, М.Шарипов «дар ғазаб шуда, дар фарши ошхона табарро, ки барои иҷрои корҳои хоҷагидорӣ нигоҳ дошта мешуд, дида бо мақсади амалӣ намудани ин нияти ҷинояткоронааш, бо дасти чапаш аз гиребони Саидова М.М. сахт дошта, аз замин бо дасти росташ табарро гирифта, қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани охирон, бо бераҳмии махсус якчанд маротиба ба қисматҳои гуногуни сари завҷааш Саидова М.М. зарба задааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 26 август як марди 43-солаи сокини ҷамоати Сешанбеи Турсунзода дар ҳолати мастӣ ба қафаси синаи ҳамсари 34-солааш бо корди хоҷагӣ як зарба зад. Зани захмиро ба бемористон бурданд ва шавҳари бадҷаҳлро боздошт карданд. Рӯзи 26 сентябр як сокини 51-солаи ҷамоати Тӯйчиеви Турсунзода низ дар ҳолати мастӣ ба шиками ҳамсари собиқаш як корд зад. Зани бечора дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Рӯзи 2 ноябр Абдулмаҷид Бердиев ном сокини 56-солаи деҳаи Чорбоғи Истаравшан ҳамсари собиқи 40-солааш Нигора Қулиеваро дар ҷои кораш бозори Истаравшан бо корд зада кушт. Нигора Қулиева қаблан ҳамсари дуюми Бердиев буд ва дар бозори Истаравшан ба фурӯши ҷавоҳирот машғул буд. Аз ӯ ду фарзанд ятим монд.

Шаби 2 ба 3 октябр дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Кенҷабоев Фарҳод дар пайи хуруҷи бемории рӯҳӣ ҳамсараш Кенҷабоева Гулнозаро бо зарби теша кушта, баъдан худашро дар оғил ба дор овехт.

Шаби 5 октябр Абдураҳмон Бадиев, сокини 71-солаи деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар дар пайи як муноқишаи оилавӣ ҳамсари 45-солааш Шакармоҳ Бадиеваро 5 корд ва духтари 16-солааш Ҳадиса Бадиеваро 4 корд зад. Мӯйсафед баъди ин худро дар як дарахт дар боғи хонааш ба дор овехта, худкушӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *