Омори нави гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон

Давоми  як шабонарӯз дар Тоҷикистон 83 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ошкор шудааст. Нисбат ба як рӯз пеш ин рақам бамаротиб камтар мебошад.

Тавре ки вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, то соати 18:00 дақиқаи 1 июн дар кишвар 4013 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст. Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2089 нафар шифо ёфтаанд. То санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст. Яъне, ин ҳам рақамест, ки 5 рӯзи охир бетағир аст.

Масъулини вазорати тандурустӣ мегӯянд, то 1 июни соли равон дар мамлакат 1814 нафар зери назорати табибон қарор доштанд. Дар  як шабонарӯзи охир 201 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорати тандурустӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *