«Ҳосилот» ба дастаи Ҳабибуллоев бохт

Бегоҳии чоршанбеи  23 август се бозии боқимондаи  даври 18-уми чемпионати Тоҷикистон миёни  дастаҳои лигаи  олӣ  барпо гардид.

«Ҳосилот»-и Фархор дар шаҳри Турсунзода ба дастаи сармураббии пешинааш Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев —  «Регар-ТадАЗ»  истодагарӣ карда натвонист ва ба дарвозаи худ се гол сар дод. Футболбозони Фархор чанд бозӣ пайи ҳам шаҳди пирӯзиро чашида натавониста, дар мақоми охирини мусобиқа дармонданд.

Дастаҳои «Барқчӣ» ва «Панҷшер» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳам мусовӣ 3:3 бозиданд. Вохӯрӣ барои мухлисон хеле шавқовар буд. Зеро «Барқчӣ» се бор гол зада пеш баромад, вале футболбозони Ҷ. Балхӣ хисобро баробар карда, ахиран аз соҳибони майдон 1 холро кашида гирифтанд.

Дидори дастаҳои «Вахш» ва КМВА «Помир» бо ҳисоби  1:1 мусовӣ анҷом ёфт.

Пас аз фарҷоми даври 18-ум дар садри чемпионат бо 39 хол чемпиони панҷкаратаи кишвар «Истиқлол» ҷой гирифтааст, ки аз дастаи думболагираш КМВА «Помир» 9 хол бештар дорад ва инчунин аз он 3 бозӣ камтар гузарондааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *