Каблукҷанг. Занозании 2 зани мансабдор

Додгоҳи ноҳияи Ховалинг сардабири нашрияи «Ҳақиқати Ховалинг” Матлуба Назароваро дар занозанӣ бо мудири шӯъбаи занони ҳукумати ин ноҳия Гулҷаҳон Сафарова гунаҳкор дониста, барои авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ 27 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст.

Се моҳ боз дар Ховалинг, ноҳияи хурде дар кӯҳистони минтақаи Кӯлоб як мавзӯи вирди забонҳо ҷанҷоли байни ду зани мансабдор — сардабири нашрияи «Ҳақиқати Ховалинг” Матлуба Назарова ва мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳия Гулҷаҳон Сафарова аст. Аммо кам касе гумон дошт, ки ин ҷанҷол ин қадар давом мекунаду то ба додгоҳ мерасад.

Рӯзи 15 август додраси додгоҳи ноҳияи Ховалин Фарҳод Наимзода бар асоси талаби айбдоркунандаи давлати Иззатулло Шамсуллозода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ – сардабири «Ҳақиқати Ховалинг” Матлуба Назароваро ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 27 500 сомонӣ ҷарима баст. Табиист ки Матлуба Назарова аз ин ҳукм розӣ нест ва ба гуфтаи наздиконаш, ба додгоҳи болотар аз ҳукми додгоҳи Ховалинг шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.

Ин моҷаро 15 май аз як чорабинӣ дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ховалинг ба муносибати Рӯзи оила оғоз ёфт. Гулҷаҳон Сафарова барои онки ин чорабинӣ аз замони эълоншуда якуним соат дертар шурӯъ шуд, аз муовини раиси ноҳия Гулбарг Аҳророва гап шунид ва асабонӣ буд.

Ҳамин минвол, аз пеши роҳаш хабарнигори «Ҳақиқати Ховалинг” Мунира Амиршоева баромад ва ӯ алами Исооро аз Мӯсо гирифта, Мунираро тела дод. Ин боис шуд, ки сардабири нашрия Матлуба Назарова ба ҳимоят аз кормандаш садо баланд кунад.

Гулҷаҳон Сафарова, ки дар як ҳолати «занед-мекафам” қарор дошт, ба Матлуба Назарова часпид. Ҳарду аввал бигӯ-бигӯ карданд, сипас мудири шӯъбаи занон туфлиашро аз по кашида, бо каблуки туфлиаш сардабири «Ҳақиқати Ховалинг”-ро зад. Дар ниҳояти кор ду зани мансабдор аз гиребону сару мӯи якдигар гирифтанд.

Ҳоло Гулҷаҳон Сафарова даъво дорад, ки Матлуба Назарова куртаи ӯро дарронда, занҷири тилояшро шикастааст ва дар маҷмӯъ ба вай ба маблағи 3080 сомонӣ осеб расондааст. Матлуба Назарова тарафи дигарро айбдор мекунад, ки дар аснои занозанӣ соати тилояш шикасту ҳамёнаш бо тамоми пуле ки дошт, гум шуд ва вай аз ин моҷаро 15 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

Аммо моҷаро бо ҳамин тамом нашуд. Нисфирӯзии 15 май, вақте ҳама хона ба хона шуданд, падар ва ду бародари Гулҷаҳон Сафарова ва як рафиқи онҳо ба манзили Матлуба Назарова дар маркази ноҳия ворид шуда, ба сари вай борони дашному ҳақоратро рехтанд. Матлуба Назарова мегӯяд, хешовандони Гулҷаҳон Сафарова бо ин амал асли дахлнопазирии манзили вайро поймол карда, оромии оилаашро ба ҳам задаанд ва дар натиҷа модари пираш ба маризӣ печида, ду кӯдаки хурдсол, ки он соат дар хона буданд, сахт тарсидаанд.

Саиди Ҳайдар, хабарнигор дар минтақаи Кӯлоб, ки ин қазияро аз оғоз пайгирӣ мекард, мегӯяд, aввал ба зидди ҳам Гулҷаҳон Сафарова ва ҳам Матлуба Назарова парванда кушоданд, вале парвандаи Назарова то ба додгоҳ расиду аз тарафи дигари моҷаро – не: «Дар ҳоле ки даҳҳо нафар шоҳид буданд ва ҳама диданд, ки ҷанҷолу занозаниро Гулҷаҳон Сафарова оғоз карда буд. Матлуба Назарова ҳатто аз даъвои ҷубронаш даст бардошта, ҳамон 3080 сомонӣ пули зарари гӯё расондаашро ба Гулҷаҳон Сафарова дод ва узр ҳам пурсид аз вай, вале Сафарова аз гирифтани пул даст кашид. Матлуба Назарова фарҳангу одоби дар воқеъ хеле баланд дорад ва як одами хидматнишондода аст. Аълочии маориф, Аълочии фарҳанг, Аълочии матбуот. 25 сол боз дар сохторҳои давлатӣ кор мекунад муаллима, вале пушту паноҳ ки надошт, гунаҳкораш эълон карданд.”

Саиди Ҳайдар мӯътақид аст, ки касе бо истифода аз ин моҷаро мехоҳанд Матлуба Назароваро бадном кунад. Вале гилаи ӯ бештар аз раҳбарони ноҳияи Ховалинг аст, ки дар тӯли ин се моҳ ба моҷарои байни ду зани мансабдор фақат ҳамчун тамошобин нигоҳ карда, касе талош накардааст, ки ҳарду онҳоро ба оштиву ифоқа биорад ва қазияро бидуни додгоҳ ҳал кунад.

Хусусан ки дар ин ноҳияи хурд қариб ҳама ҳамаро мешиносанд ва бо якдигар риштаҳои хешутабориву ҳамсоягӣ ва ҳазору як пайванди дигар доранд.

Дар Ховалинг, бино ба омори расмӣ, 53 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Бознашр аз «Ахбор»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *