Эсанов

Падари ӯгай чаро тифли 4-соларо кушт?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тафсилоти қатли Самир Гадоеви 4-соларо аз тарафи падари ӯгаяш Эсанов Субҳоналӣ нашр кард. 

Эсанов Субҳоналӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ писари ӯгаяш Самир Гадоев, соли таваллудаш 2019-ро дар барномаи “Ахбори ВКД” тасдиқ кард ва гуфт, ки ин тифли бегуноҳро барои он кушт, ки… ба очааш хабар кашидааст.

“Вақте чӯбҳоро бор мекардем, пурсидамаш, очаат чӣ гуфт? Гуфт, очаам пурсид, ки дадаат туро мезанад? Ӯ ба очааш гуфтааст, ки ҳа, дадаам маро мезанад. Барои ҳамин, бурдамаш, дар поён куштамаш…”,- хунсардона нақл кард ҷараёни ҳодисаро худи Эсанов.

Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки Эсанов Субҳоналӣ бо худиқрорӣ (явка с повинной) ба шуъбаи милитсия ҳозир шудааст.

Нисбат ба Эсанов Субҳоналӣ дар Додситонии ноҳияи Дӯстӣ бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори тифли ноболиғи оҷиз бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба ӯ барои ин ҷинояти мудҳиш то 25 соли зиндон ва ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.