Дӯстӣ

Фоҷиаи даҳшатангез дар Хатлон. Шарҳи ВКД

Мақомоти милитсияи Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як куштори тифли хурдсол хабар дод.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 4-уми январи соли 2023 куштори тифли сесола дар ҷамоати ба номи Лоҳутии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлонро “фоҷиаи даҳшатангезе номид, ки мардумро ваҳшатзада кард”.

Бино ба гузориши Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД дар вилояти Хатлон, Субҳоналӣ Эсанов, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дӯстӣ бо худиқрорӣ ба шуъбаи милитсияи ин ноҳия ҳозир шуда, хабар додааст, ки қаҳру ғазаби худро идора карда натавониста, дар заминаи муноқиша ва хусумат бо ҳамсараш, писари ноболиғи ӯгаяш Самир Гадоев, соли таваллудаш 2019-ро ба ҳалокат расонидааст.

Кормандони милитсия ва додситонии ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади дар хун оғӯштаи тифлаки чорсоларо, ки бо як бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида шуда буд, пайдо намудаанд.

ВКД мегӯяд, ки Эсанов Субҳоналӣ иқрор кардааст, ки тибқи нақшаи таҳрезикардааш, бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум писари ӯгаяшро ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Боғистон, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати Лоҳутӣ оварда, ба сараш бо чӯб чанд маротиба зада, кӯдакро беҳуш кардааст.

Офоқи Қодириён давоми ҳодисаро чунин нақл мекунад: “Баъдан ин марди бадсиришт мебинад, ки ноболиғ Гадоев Самир ҳоло ҳам нафас кашида, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, бо як бераҳмии махсус пойи худро дар қафаси синаи марҳум гузошта бо тамоми қувват зер менамояд, боз бо чӯби дар даст доштааш чанд маротиба ба сару рӯяш мезанад, ки дар натиҷа, ноболиғ дар ҷойи ходиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст”.

ВКД меафзояд, куштори бераҳмонаи ин кӯдаки ноболиғ бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар миёни мо ҳастанд нафароне, ки қадру манзалати инсонҳо назди ин тоифа қиммате надорад.

Нисбат ба Субҳоналӣ Эсанов дар Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба ӯ барои ин ҷинояти мудҳиш то 25 соли зиндон ва ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *