Пешгирӣ аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон дар мактаби №128
Кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо мусоидати масъулини МТМУ №128 муноқишаи эҳтимолии гурӯҳӣ байни чанд ноболиғро пешгирӣ карданд.
Тибқи иттилои мақомоти милитсия, ноболиғон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо сабабҳои ночиз бо ҳамдигар баҳс карда, ният доштаанд баъди дарс муноқиша кунанд. Яке аз онҳо ҳатто аз хона корд гирифта, ба мактаб овардааст.


Ҳангоми кофтуков кормандони милитсия кордро аз назди ноболиғ пайдо ва мусодира кардаанд.
Дар робита ба ин ҳолат нисбати волидони ноболиғон тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо худи ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ