Пули ҷароҳии Мударрисро кӣ медиҳад?

Мударрис Мӯсоев, як навраси 17-солаи тоҷик, ки моҳи феврал дар шаҳри Қазони Русия дучори ҳамла шуда, хотираашро гум кард, бори дувум ҷарроҳӣ шудааст. Волидони Мударрис барои ин ҷарроҳӣ аз бонк 150 ҳазор рубл қарз гирифтаанд.

Мударраси Мӯсоевро баъди каме шифо ёфтани захмҳое, ки аз сараш хӯрда буд, дубора дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия ҷарроҳӣ кардаанд. Мударриси 17-сола, ки дар соли аввали коллеҷи тиббии Қазон таҳсил мекард, шаби 5 феврал дар як гузаргоҳи зеризаминӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва аз сараш зарби сахт хӯрда, ду ҳафта дар ҳолати кома қарор дошт. Ҳамлагарон ба сари ин навраси тоҷик бо арматура задаанд.

Табибон он вақт гуфта буданд, ки баъди каме шифо ёфтани захмҳояш ӯро бояд дубора ҷарроҳӣ кунанд ва ба ҷои устухонҳои шикастаи косахонаи сараш пластик гузоранд.

Наздикони Мударрис мегӯянд, ки ӯ баъди ҳамлаи моҳи феврал хотираашро гум карда буд ва танҳо рӯзҳои охир кам-кам мардумро мешинохт. Табибон гуфтаанд, ки баъди ҷарроҳии дуюм бояд хотираи Мударрис низ барқарор шавад.

Аммо барои ин ҷарроҳии дуюм аз падару модари навраси тоҷик 150 ҳазор рубл, муодили беш аз 2500 доллар талаб кардаанд. Падару модари бечора ба хотири шифои Мударрис, ки чанд моҳ боз аз дард ранҷи зиёд мекашид, аз бонк пули табобати ӯро қарз гирифтаанд.

Танҳо баъди супурдани пул табибони Қазон Мударрисро ҷарроҳӣ кардаанд ва ҳоло ӯ дар бемористон қарор дошта, вазъаш хуб арзёбӣ мешавад.

Бо ин вуҷуд, дар сӯҳбат бо «Ахбор”, вақте пурсидем, ки оё кумаке барои идомаи табобати ин навраси тоҷик лозим аст, наздиконаш гуфтанд, ки «танҳо хоҳиши мо аз хонандагони «Ахбор” ин аст, ки дар ҳаққи Мударрис дуои хайр кунанд ва Худованд барояш шифои комил биталабанд.”

Мударрис Мӯсоев шаби 5 феврал дар Қазон ҳадафи ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт. Ба гуфтаи наздиконаш, соати тақрибан 19-30 ҳамлагарони ношинос ҳангоми убур аз гузаргоҳи зеризаминӣ ба Муддарис ҳамла оварда, ба сараш бо арматура задаанд.

Мударрисро билофосила ба бемористони ҷумҳуриявии клиникии Тотористон бурдаанд ва ҷарроҳиаш чоруним соат давом кардааст.

Мударрис Мӯсоев аз он насли муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар мусофират дар Русия ба дунё омада ва дар ҳамин мулки мусофирӣ ба воя расидаанд.

Хонаводаи онҳо аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон мебошанд. Падари ӯ дар Қазон дар сохтмон кор мекунад ва модараш дар як ошхона. Мударрис боз як бародари маъюб дорад, ки роҳ гаштаву гап зада наметавонад.

Ба гуфтаи наздиконаш, чанде пеш телефони Мударрисро дуздида буданд ва дуздҳоро тавассути пулис боздошт карда, маҷбур кардаанд, ки як телефони дигар харида, ба онҳо бидиҳанд. Ба гумони наздикони Мударрис, шояд ҳамон дуздони маҳаллӣ роҳашро поида, ба ин васила аз ӯ интиқом ҷуста бошанд.

Аз саҳифаи Мударрис Мӯсоев дар шабакаи «Одноклассники” дида мешавад, ки ӯ мухлиси ашаддии бозии «Вормикс” аст ва 93 аксе, ки дар «Одноклассники” гузоштааст, ҳамааш аз ҳамин бозии интернетист. Дар бораи худаш Мударрис маълумоте дар ин шабака нагузоштааст.

Беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини зиндагиашон ҳар сол ба Русия мераванд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Аз ҷумла даҳҳо нафар бо марги иҷборӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои афроди раҳзан ё миллатгаро. Даҳҳо нафари дигар дар Русия бар асари ҳамлаи гурӯҳҳои миллатгаро маҷрӯҳу маъюб мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *