Қочоқи 25 кӯдак пешгирӣ карда шуд

Волии Ғазнӣ мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ дар ин вилоят 25 кӯдакро аз чанги одамрабоён наҷот додаанд. Абдулкарим Матин гуфтааст, ки ин кӯдакон ҳини интиқол ба берун аз Ғазнӣ дар наздикии минтақаи Мақар, наҷот дода шуданд. Ба гуфтаи оқои Матин, дар робита ба ин ҳодиса, ду нафар боздошт шудаанд. Вай гуфт, «тибқи ташхиси табибон, ба ин кӯдакон як навъ доруи беҳушкунанда додаанд. Ин кӯдакон як навъ беҳол ҳастанд ва гап зада наметавонанд ва ҳатто ханда ва гиряи худро дуруст намефаҳманд. Ниёз ба фурсат доранд, то ба худ биоянд». Волии Ғазнӣ гуфт, тибқи маълумоти ибтидоӣ, ин кӯдакон сокинони минтақаҳои Мақар, Андар ва Убанди вилояти Ғазнӣ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *