Путин эътимодномаи Сафири Толибон дар Русияро қабул кард

Сафири  ҳукумати “Толибон” Гул Ҳасан, рӯзи 15-уми январ дар Маскав дар баробари сафирони беш аз 30 кишвар эътимодномаи худро ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия супоридааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.

Владимир Путин дар маросими қабули эътимодномаҳои сафирон гуфтааст, ки ҳамкориҳои Русияву Афғонистон дар вақтҳои охир пешрафти чашмрасе доштааст.

Бояд қайд кард, ки пас аз дубора ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон дар соли 2021, Русия ягона кишварест, ки ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият шинохтааст. Маскав моҳи июли соли гузашта ба таври расмӣ ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият шинохт. Он вақт парчами ҳукумати пешини Афғонистон дар сафорати ин кишвар дар Маскав поин кашида ва ба ҷои он парчами “Толибон” овехта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *