“Рӯзат сиёҳу даҳонат талх, агар пулҳоро надиҳӣ”

Як муттаҳам ҷавонзанро таҳдид кардааст, ки агар пул надиҳад, навору аксҳои урёнашро дар интернет паҳн мекунаду ба бародараш нишон медиҳад.
Аз боздошти марди 31-сола, сокини шаҳри Душанбе мақомоти умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ хабар додааст.

Маъмурини милисаи ноҳияи Шоҳмансур, бино ба итилои ВУД, муайян кардаанд, ки муттаҳам бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро бо тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардааст,- менигорад 18-уми феврал Sputnik. 

Манбаъ афзуд, ки баъдан марди муттаҳам аз ҷавонзан 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи ӯро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш нишон медиҳад. Ӯ инчунин ҳушдор додааст, ки наворҳоро дар шабакаҳои интернетӣ низ паҳн менамояд.

Ҷавонзани ҷабрдида ба хотири огоҳӣ наёфтани наздиконаш аз чунин навор ба таҳдидкунанда дар умум 4 ҳазору 500 сомонӣ додааст,- зикр мекунад манбаъ.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 250 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ин банди Кодекси ҷиноятӣ барои тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ ҳолатҳои бо таҳдиди бадномкунӣ аз занон гирифтани маблағ дар Тоҷикистон ошкор шуда буданд. Ҷабрдидаҳо дар бисёри ҳолатҳо барои пешгирии бадномшавияшон миёни ҷамъият ба тамаъкорон маблағ медиҳанд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.