Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Қазоқистон сарфароз гардид

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон – Ордени «Дӯстӣ» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.

Мукофотро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар маросими махсус ба Рустами Эмомалӣ тақдим намуд.

Президенти Қазоқистон зимни суханронӣ саҳми арзандаи Рустами Эмомалиро дар таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои стратегӣ ва густариши робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Қазоқистон баланд арзёбӣ кард.

Қайд гардид, ки фаъолияти фаъоли Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси шаҳри Душанбе дар таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар, ҳамчун ҳамсоягони нек ва шарикони боэътимод, нақши муассир дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *