Сӯхтор дар Дубай 16 кушта ва 9 захмӣ бар ҷой гузошт

Манобеи хабарӣ дирӯз гузориш доданд, ки бар асари сӯхтор дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб 16 нафар ҳалок ва 9 нафар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои хабаргузории IRNA бо такя ба рӯзномаи Khaleej Times, сӯхтор тақрибан дар рӯзи шанбе дар як бинои истиқоматӣ дар минтақаи «Ал-Раъс»-и Дубай рух додааст.

Бар асоси ин гузориш, неруҳои оташнишонӣ ва наҷот дар ҷои ҳодиса ҳузур дошта ва сӯхторро хомӯш кардаанд ва дар ниҳоят дар ин садама 16 нафар ҳалоку 9 нафар захмӣ шудаанд.

Мудофиаи шаҳрвандии Амороти Муттаҳидаи Араб эълом кард, ки сабаби сӯхтор риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз тарафи соҳибони бинои номбурда будааст ва тафтишот то ҳол идома дорад.

Дар бораи ҷузъиёти бештар хабар дода нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки биноҳои Дубай то кунун сӯхторҳои зиёде дидаанд, ки муҳимтарини онҳо сӯхтор дар Бурҷи Халифа, баландтарин бурҷи ҷаҳон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *