Саги мурдаро ноболиғон ба чароғпояи баландшиддат овехта будаанд

Ба ҳодисаи дар ноҳияи Б. Ғафуров ба сутунпояи барқии баландшиддат овехтани саге вокуниш сурат гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, баъди нашри маводи интиқодии Алия Хамидуллина дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” доир ба муносибати бераҳмона бо саг ва овезон намудани ҷасади он дар сутунпояи барқии баландшиддат бо супориши сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, полковники милитсия Илҳом Қосимзода он аз ҷониби кормандони мақомоти дохилии шаҳр фавран мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст.

— Маълум гардид, ки ба ин амал фарзанди шаҳрванд Эламатов Ғайрат Мусурмонқулович, (соли таваллудаш 1984), зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Д. Холматов: ноболиғ Э. А. бо ҳамсинфаш Х. С., хонандагони синфи 6-и ҷамоати мазкур даст зада, ин ноболиғон ҳангоми чаронидани мол дар теппаҳо саги мурдаро ёфта, ба чароғпояи баландшиддат овезон намудаанд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд маводҳои санҷишӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ намудан аз рўйи тобеияти ҷойи воқеа ба кормандони ШММ “Сомғор”-и ШВКД-1 дар ноҳияи Б. Ғафуров супорида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *