Wi-fi-и ройгони Душанбе. Чаро мардум аз он истифода бурда наметавонанд?

Аз соли 2019 шаҳрдории Душанбе барои ройгон насб кардани Wi-fi дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар  пойтахт қарор қабул карда буд. Вале ахиран сокинон мегӯянд, ки хизматрасонии ройгони интернет дар ҳеҷ ҷойи шаҳр дастрас нест.

Хизматрасонии Wi-fi-и ройгон мутобиқи дастури шаҳрдорӣ дар боғҳои “Куруши Кабир”, “Боғи Ҷавонон”, “Умари Хайём”, “Боғи Рӯдакӣ” ба роҳ монда шудааст. Инчунин мусофирони автобусҳои шаҳр метавонанд аз интернети ройгони бемаҳдуд истифода баранд.

Дилшод донишҷӯйи донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон аст. Ӯ баъд аз анҷоми дарсҳо ба “Боғи Куруши Кабир”-и пойтахт омад ва ҳамзамон хост, ки аз Wi-fi-и ройгон истифода барад, вале мутаассифона он кор намекунад.  

“Ҳар моҳ барои интернет ба телефонам маблағи муайян мегузаронидам, вале ин моҳ имкон наёфтам. Хостам аз интернети боғ истифода барам, вале он кор накард”,- мегӯяд ӯ.

Мисли Дилшод ҳамарӯза садҳо донишҷӯён ё сокинон мехоҳанд, ки аз Wi-fi-и ройгон истифода баранд, вале дастрасӣ ба он ғайриимкон аст.

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Рӯдакӣ” ҳам бо ном интернети бемаҳдуд пайваст аст, вале дар амал он ҳам кор намекард.  

Дар нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт низ соле пеш Wi-fi-и ройгон амал мекард, вале ҳоло он фаъол нест. Мо барои санҷиш аз нақлиёти мусофиркашонӣ, аз ҷумла автобус ва троллейбусҳо низ дидан намудем. Барои мисол дар хатсайри №8, ки қаблан интернет дастрас буд, ҳоло аз он дараке нест. Қаблан дар ин автобусу троллейбусҳо  сокинон ва меҳмонони пойтахт аз Wi-fi-и ройгон то 20 дақиқа истифода бурда метавонистанд.

Дар истгоҳҳои пойтахт низ Wi-fi-и ройгон насб шудааст, вале мутаассифона он кор намекунад.

Муроди мо аз навиштани ин матлаб чист? Посух ёфтан ба ду савол: Шояд аз буҷети пойтахт барои Wi-fi маблағ ҷудо мешавад, вале он ба  ҷойи лозима намерасад? Ё шаҳрдорӣ онро қатъ кардааст?

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *