Соҳибкори Суғд дар Хоруғ корхона сохт

Дар шаҳри Хоруғи ВМКБ нахустин корхонаи хурди истеҳсоли пойафзол ба фаъолият оғоз кард. Қабл аз оғози фаъолият 42 сокини маҳаллӣ истифодаи асбобу дастгоҳҳои пойафзолдӯзиро ёд гирифтаанд.

Соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Аъзам Аҳруллоев, ки корхонаи мазкурро таъсис додааст, изҳор дошт, ки «ҳоло аз ин 42 нафар 8 касро ба кор ҷалб намудем ва баъди пурра ба фаъолият шуруъ кардани корхона теъдоди коргарон низ зиёд мегарданд. Асбобу дастгоҳҳо, ки шумораашон аз 40 адад бештар аст, истеҳсоли Чин мебошанд».

Ин соҳибкори муваффақ сабаби таъсиси корхонаро дар шаҳри Хоруғ ба мавҷуд будани шумораи зиёди ҳайвоноти хурду калон дар ин минтақа ва вуҷуд надоштани корхонаи коркарди пӯст рабт дод. Айни ҳол маҳсулоти хом аз Туркия оварда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *