Ҳабси қиморбоз. Рӯ ба рӯ шудед, навор ва акс гиред!

Кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе боз як нафар қиморбозро дастгир кардаанд. Зафар Олимови 47-сола, ки сокини ноҳияи Восеъ аст, қаблан чанд маротиба дастгир ва огоҳонида шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади бо роҳи осон ва фиреби мардум ба даст овардани маблағ асосан дар маконҳои ҷамъияӣ ба қиморбозӣ машғул мегардад.

Нисбати ӯ барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия, тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Ҳамзамон, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳушёриро аз даст надода, ба доми макру фиреби чунин тоифа наафтанд, “бо мақсади пурра аз байн бурдани ин омили номатлуб бетарафиро ихтиёр накарда, ҳангоми мушоҳидаи чунин ҳолатҳо онро ба навор ва расм гирифта, ҷиҳати баррасӣ тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсия ирсол намоянд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *