“Орзу” —  қарз барои амалисозии хоҳишҳо

Дастраскунии қарзҳо барои амалигардонии орзуҳои дерина ба сокинони Тоҷикистон ба шарофати банди “Орзу” (“Мечта”)-и замимаи мобилии “МегаФон Life” осонтару зудтар шуд.

“Орзу” — маҳсулоти қарзӣ аст, ки барои ниёзҳои истеъмолкунандагон пешбинӣ шудааст. Кофист, ки як маротиба тартиби пайвасткуниро гузаред ва дар давоми панҷ сол дигар зарур намеояд, ки ҳангоми муроҷиат барои дастраскунии қарзҳои нав ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунед. Қарзро метавон дар доираи меъёри худ бе гарав ва зомин маротибаҳои бемаҳдуд ба даст овард. Меъёр аз ҷониби “Ҳумо” вобаста ба таърихи қарзӣ ва ҳолати молиявии мизоҷ муқаррар карда мешавад. Дастраскунии “Орзу” танҳо бо ёрии “Ҳамён”-и замимаи “МегаФон Life” имконпазир аст.

Масалан, сокини Тоҷикистон, ки қаблан боре хизматрасонии мазкурро истифода накарда буд, имкон дорад, ки ҳангоми тасдиқкунии сатҳи зарурии даромади худ меъёри баробар ба 16 500 сомониро ба даст оварад. Ҳадди ақал як таърихи мусбати қарзӣ дар дилхоҳ муассисаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрро то 22 000 сомонӣ зиёд менамояд. Агар шахси дастраскунанда меъёри худро зиёд кардан хоҳад, ӯ бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сатҳи кифояи даромади худро пешниҳод намояд.

Маблағи зиёдтарини қарз аз рӯи корти “Орзу” 50 000 сомониро ташкил медиҳад. Қарз дар ҳаҷми то 3 000 сомонӣ бе маълумотнома дар бораи даромадҳо дода мешавад, барои гирифтани он танҳо шиноснома кифоя аст. Муҳлати адои қарз — 5 сол. Талабот нисбати мизоҷ – шаҳрвандии ҶТ, синну соли зиёдтар аз 18 сол, таҷрибаи кории на камтар аз 6 моҳ, мавҷудияти шиноснома ва РМА.

Қадами аввал барои истифодаи хизматрасонӣ – дархост барои дастраскунии қарз. Онро дар идораҳои “Ҳумо” ё идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо суроғаи ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 89 гузоштан мумкин аст. Дар давоми се шабонарӯзи минбаъда ба рақами аризадиҳанда СМС бо қарори ташкилоти хурди қарзӣ ворид мегардад. Дар сурати тасдиқ гардидани қарз аз ҷониби ТАҚХ “Ҳумо” дар рақами истифодабарандаи “МегаФон Life” банди “Орзу” бо маълумот оид ба меъёри қарз фаъол мешавад. Ҳамин тариқ, ҳозир шудан ба толори алоқа танҳо як маротиба – барои гузоштани дархост зарур меояд. 

Минбаъд қарзҳо аз ҷониби мизоҷ мустақилона тавассути “Ҳамён”-и замимаи “МегаФон Life” дар банди “Орзу” дастрас карда мешаванд. Маблағи дастраснамударо метавон барои пардохти маблағи молу хизматрасониҳои ҳамёни мобилӣ (ба ғайр аз хизматрасониҳои идораҳои букмекерӣ ва адонамоии қарзҳо) истифода бурд ё ба корти бонкии “Корти Миллӣ” гузаронида, дар банкоматҳо ё идораҳои МегаФон нақд намуд. 

Барои зуд ва осон адо намудани қарз дар замимаи “МегаФон Life” бояд ба банди “Орзу” ворид шуда, транши заруриро интихоб намуд ва тугмаи “Пардохт”-ро пахш кард. Инчунин адонамоии қарз бо ёрии ID-рақами нодир дар идораҳои “МегаФон Тоҷикистон” имконпазир аст.

Бо ёрии “Орзу” маблағ дастрас карда, орзуҳои худро амалӣ созед! 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *