Шинос шавед! Муовини нави Вазири корҳои дохилӣ

11 августи соли равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Машрабзода Ҷамшед 48 – сола ва дорои рутбаи генерал-майори милитсия мебошад. Соли 2000-ум Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро бо ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ», соли 2004 Академияи андози Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» ва соли 2008 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст.

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: нозир оиди кор бо ноболиғони ШКҶ РВКД дар ш. Душанбе, ваколатдори оперативии шуъбачаи ШКҶ РВКД дар ш. Душанбе, муовини сардори ШКҶ ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе, сардори шуъбаи ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии минтақавии БММ «Интерпол»-и ВКД, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати ВКД, сардори шуъбаи ВКД, муовини сардори Раёсати ВКД, муовини сардори Бюрои Марказии Миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори БММ «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳо мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо мукофотҳои давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» ва медали «Ҷасорат» сарфароз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *