Тағироти кадрӣ дар ВКД. Ном ба ном
11 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед муовини вазири корҳои дохилӣ ва Азиззода Абдусаттор намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардиданд.



Ҳамчунин:
– генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ;
– полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;
– генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор ба вазифаи роҳбари намояндагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;
– капитани милитсия Мирзоахмедов Фареҳ Фахриддинович ба вазифаи сардори Раёсати инноватсия ва технологияҳои рақамии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Саидзода Шуҳрат Холмаҳмад ба вазифаи намояндагии ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва прекурсорҳо;
– полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи муовини аввали сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Салимбойзода Довар Салимбой ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД;
– подполковники милитсия Ғафурзода Аҳлиддин Маҳмадраҷаб ба вазифаи сардори ШВКД №1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
– полковники милитсия Ҳайдарзода Суҳроб Насруддин ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор;
– подполковники милитсия Ривоҷзода Каримҷон Сайнабӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтари в.Хатлон;
– подполковники милитсия Асадзода Фирдавс Анвар ба вазифаи сардори ШВКД №2 дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд;
– полковники милитсия Хайруллозода Муҳриддин Хайрулло ба вазифаи сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Навобод»-и минтақа ва ноҳияи Рашт;
– подполковники милитсия Чолизода Рушон Шоалӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Мурғоб;
– полковники милитсия Ҳомидзода Ғолибҷон Хоҷамурод ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ;
– подполковники милитсия Тағойзода Ҷамшед Хол ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Балҷувон;
– подполковники милитсия Қодирзода Фируз ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин таъин гардиданд.
Бино би иттилои хадамоти матбуоти Президент, зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, муомилаи хуш бо шаҳрвандон, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва дар маҷмуъ таъмини волояти қонун, ҳидоят намуд.
Таъкид гардид, ки дар ҳама ҳолат манфиати давлат ва мардуми кишвар бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ