“Сомон Эйр” дар соли 2025 ба беш аз як миллион нафар хизматрасонӣ кардааст

8 январ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, ки ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 бахшида шуда буд, иштирок намуд.

Тибқи иттилои пешниҳодшуда, дар соли 2025 “Сомон Эйр” 1 миллиону 91 ҳазору 921 мусофирро интиқол додааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 8,6 фоиз бештар мебошад. Ҳамчунин, ширкат 3 ҳазору 744 парвоз анҷом додааст (+13%), ки аз ин шумора 348 парвоз дохилӣ будааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаҳои ширкат барои соли 2026 эълон гардид. Аз ҷумла, “Сомон Эйр” тасмим дорад шабакаи хатсайрҳоро васеъ намуда, шумораи самтҳои парвозро афзоиш диҳад, парки ҳавопаймоиро бо ду ҳавопаймои навъи Boeing 737 MAX 8 пурра кунад ва сатҳи хизматрасониро боз ҳам беҳтар созад. Дар баробари ин, афзалият ба таъмини бехатарии парвозҳо ва зиёд кардани теъдоди кормандон дода мешавад.

Роҳбарияти ширкат таъкид намуд, ки “Сомон Эйр” рушди устувори худро идома дода, дар пайваст намудани Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *