Беҳтаринҳои Хатлон маълум шуданд
Шуруъ аз соли 2023 озмуни вилоятӣ “Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосӣ истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат додани корҳои ободонӣ мебошад.
Миёни шаҳрҳои вилояти Хатлон шаҳри Кӯлоб ҷойи якум, Левакант ҷойи дуюм ва шаҳри Бохтар ҷойи суюмро соҳиб шуданд ва ба ҷойи аввал 10 ҳазор сомонӣ ҷойи ба дуюм 6 ҳазор сомонӣ ва ба ҷойи сеюм 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Миёни ноҳияҳо бошад, ноҳияи Данғара ҷойи аввал, Ёвон мақоми дуюм ва ноҳияи Кӯшониён ҷойи сеюмро гирифта, 10 ҳазор, 6 ҳазор ва 3 ҳазор сомонӣ мукофотпули гирифтанд.
Ҳамчунин ғолибон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ