Марде, ки ба сари Фараҳноз пулпошӣ кард, ҷарима шуд
Дар Душанбе нисбат ба марде, ки барои ба сари сарояндаи шинохта Фараҳноз Шарофова пул пошидан, парвандаи маъмурӣ боз шуд.
Дар ин бора Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба навиштаи Кумита, “истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ҳусейнзода 10, а дар хонаи истиқоматии худ дар маросими тӯйи арусии духтараш ба сари сароянда пул пошидааст”.
Парвандаи тӯйдорро ба додгоҳ ирсол кардаанд, ӯро даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 780 сомонӣ мебошад, ҷарима интизор аст.
Қаблан мақомот чанд ҷавонро барои пулпошӣ ба сари ҳофизаи дигар Фирӯза Ҳафизова ва худи ӯро ба ҷавобгарӣ кашида буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ