Қубодиён

Совхози давлатӣ ташкил шавад!,- пешниҳод дорад деҳқоне аз Қубодиён

Тавсифи хоҷагии деҳқонии “Чорбоғ”-и и ҷамоати деҳоти ба номи Эшмурод Ниёзовро дар ноҳияи Қубодиён шунида будам. Аммо “шунидан кай бувад монанди дидан” гуфта, ҳангоми сафар ба ноҳияи Қубодиён бо роҳбари ин хоҷагӣ, деҳқони асил Ҳаитмурод Орифов шинос шудам.

Ҳаитмурод аз соли 2008 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда, аввал 1260 гектар замин доштааст. Баъдан заминро ба саҳмдорон тақсим кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло 18 гектар замин дар ихтиёр дорад.  Дар соли сипаришуда Ҳаитмурод Орифов дар ду гектар гандум кишт кардаасту дар 16 гектари боқимонда пахта. Аз гандум ҳосили хуб ба даст овардааст.

— Захираи дусолаи худро дорем. Пахтаро бошад, ба корхонаи Носири Хусрав тариқи шартнома месупорем. Ба ҳар як килограмм 11 сомонӣ пардохт мекунанд. Ширкати Исмоили Сомонӣ, ки дар ноҳияи Носири Хусрав аст, моро бо техника, доруҳои минералӣ, сӯзишворӣ пурра таъмин менамояд. Писаронам дар давраи киштукор ёрӣ мерасонанд. Тирамоҳ то баҳор ба Русия рафта кор мекунанд. Ман тарафдори он ҳастам, ки дар ҳар ноҳия як ё ду совхози давлатӣ ташкил намояд, то ки маҳсулотро захира намоянд. Ҳоло, боварӣ дорам дар аксари ноҳияҳо захираи маҳсулот надоранд. Фақат дар рӯи коғаз аст,- изҳори нигаронӣ дорад ин деҳқони асил.

Наҷмиддин ХУДОИЕВ, шаҳри Роғун

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.