Суғд: Кӯмаки ройгони тиббӣ ба сокинони дурдаст
Ба ифтихори ҷашни 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд ба номи Фазлиддин Шарифов ба 128 нафар дорои бемориҳои чашм хизматрасониҳои ройгони ташхисӣ ва ҷарроҳӣ гузаронида шуд.
Иқдом бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон”ва бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ гардид. Беморон аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд, махсусан аз минтақаҳои кӯҳистон табобат гирифтанд.

Ҷамил Тошматов, сартабиби марказ гуфт, ки беморон на танҳо ташхис, балки ба табобати пурра, аз ҷумла амалиёти микроҷарроҳии чашмфаро гирифта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ