Президент дар Бадахшон. Аз ифтитоҳи иншооти муҳим то таҷлили Ваҳдати миллӣ
25-уми июни соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.
Роҳи нави маркази ноҳия
Роҳи навбунёди маркази ноҳияи Ванҷ то пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Роҳи мазкур бо стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дарозии он 16 километрро ташкил медиҳад.

“Иншооти нав дорои ду хати ҳаракат буда, барои беҳтар намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати мусофиркашонӣ ва боркашонӣ аҳамияти калон дорад”,- иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Гуфта мешавад, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, таъмини робитаҳои муназзами байниноҳиявию байниминтақавӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, инчунин инфрасохтори иловагӣ, аз қабили истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳҳои махсус барои пиёдагардон, равшаннамоии қитъаҳои роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин ва корҳои сабзкорӣ, аз ҷумла шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан анҷом дода шудааст.
Сарвари давлат масъулини соҳа ва мутахассисонро вазифадор намуд, ки ба нигоҳубини дурусти роҳ диққати аввалиндараҷа диҳанд, то иншооти муҳим дар тӯли солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.
Корхонаи азими саноатӣ дар Ванҷ
Дар идомаи сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Мармар Стоун”-ро дар ноҳияи Ванҷ мавриди истифода қарор дод.

Корхонаи истеҳсоли калсит имконият дорад, ки дар як сол 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият менамояд. Он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз он омода мегардад, бунёд ёфтааст.
Тибқи озмоишҳои гузаронидашуда ин ашёи хоми маҳаллӣ сифати баланд дошта, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
“Дар корхона партовҳои санги мармари коркардшуда низ истифода мегардад, яъне раванди истеҳсолот дар ин ҷо бе партов ба роҳ монда шудааст, ки яке аз бартариятҳои ин коргоҳ дониста мешавад”,- хабар медиҳад манбаъ.
Коргоҳ дорои чор хати истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалсит истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосир дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсити аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шудааст.
Микрокалсит дар саноат ба таври васеъ ба кор бурда шуда, дар истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳ, масолеҳи сохтмониву ашёи рӯзгор, техникаи гуногун ва маҳсулоти кимиёвӣ истифода мегардад. Аз ҷумла, бо истифодаи хокаи калсит дару тирезаҳои пластикӣ, қубурҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ, хамираи дандоншӯӣ, коғаз ва рангубори хона истеҳсол карда мешавад. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти мазкур дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ серхаридор аст.
Дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Мармар Стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабиро, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидаанд, ифтитоҳ намуданд.
Мувофиқи маълумот, 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст.
Шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин
25-уми июн сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт.
Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон аввалин, муҳимтарин ва бузургтарин иншоот буд, ки бо иштироки Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.



Дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шудааст. Иншоот бо ҷалби роҳсозони дохилу хориҷ бо риояи стандартҳои сатҳи баланд сохта шуда, қисми бештари маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли Тоҷикистон аст.
Масири қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон роҳи аз ҳама душворгузар дар миқёси ҷумҳурӣ буд ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд.
Ин роҳ шаҳри Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо Чин пайваст мекунад.
Бо назардошти он, ки ин шоҳроҳ аҳамияти иқтисодӣ ва байналмилалӣ дорад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2021 барои бунёду навсозии он санги асос гузошта буд.
Коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ
Ҳамчунин, 25-уми июн бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.



Комплекси агросаноатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз” дар масоҳати ним гектар бунёд гардидааст.
Арзиши лоиҳавии Комплекси агросаноатӣ 4 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки фермаи бузи ширдеҳ барои 140 сар пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар фермаи мазкур 92 сар бузи ширдеҳ аз Беларус ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дастрас шуда, парвариш меёбад. Иқтидори ферма 72 тонна шир дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ мебошад.
Маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар Дарвоз
Дар идомаи сафар дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” ба истифода дода шуд. Марказ дар доираи эълони солҳои 2025-2030, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба таври замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад.



Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъсиси марказро барои рушди тиҷорати рақамӣ, омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуд.
Маркази “Darya AI” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Кабиров ва Азизҷон Азимӣ – раиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд шудааст. Таъкид гардид, ки стратегияи асосии марказ тавассути ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо арзиши то 8 маротиба баланд табдил додани фурӯши неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик мебошад.
Марказ 8 сервери асосӣ дорад, ки арзиши ҳар кадоми он 40 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин намуди серверҳо дар сардӣ фаъолияти хубтар намуда, амалиёти иҷрошудаи ҳисоббарории зеҳни сунъӣ босуръат, бехато ва дар вақти кӯтоҳ бо натиҷаи қаноатбахш анҷом дода мешавад.
Ҳоло сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ