Эътирофи малакаи касбии корманди Бонки миллӣ

Бо ибтикори Ассотсиатсияи молия ва тиҷорати исломӣ (AIFB), Агентии коммуникатсионии TIDAM ва Маркази байналмилалии молиявии “Остона” 19-уми майи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми молия ва тиҷорати исломӣ (Islamic Finance and Business Forum) баргузор гардид, ки дар он намояндагони танзимгарони низоми бонкии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, ташкилотҳои қарзии исломии минтақа, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамоиши мазкур сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Кибриё Уроқова ба таври фосилавӣ намояндагӣ кард.

Дар Форум масъалаҳои мубрами минтақавии марбут ба иқтисодиёт, савдо, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон дар самти молияи исломӣ, нақши танзимгарон, бахусус саҳми занони кишварҳои минтақа дар рушди он табодули таҷриба намуданд.

Дар ҳамоиш инчунин зери сарпарастии Cambridge IFA маросими супоридани ҷоизаи WOMANi-Women in Islamic Business&Finance доир гардида, намояндагони беҳтарини минтақа бо ҷоиза ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла бо назардошти саҳми арзанда дар ташаккули мақоми танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии исломӣ ва таҳияи стандартҳои танзими молияи исломӣ дар ҳайати гурӯҳи кории Шурои хизматрасонии молияи исломӣ (IFSB) Кибриё Уроқова ба сифати яке аз занҳои бонуфузтарин дар тиҷорат ва молияи исломӣ дар минтақаи ИДМ интихоб гардида, “Бонуи соҳибкасби соли 2025” эътироф карда шуд.

Боиси қаноатмандист, ки сазовор гардидани корманди Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷоизаи WOMANi дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ шудан ва баҳои баланд гирифтани таҷрибаи татбиқи бонкдории исломии кишвар мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *