Суғд: 1600 нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд

Имсол аз вилояти Суғд 1600 нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ сардори шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милли МИҲД-и вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб гуфт, ки аз ин теъдод ҳаҷравандагон 4 нафар тибқи Квотаи президентӣ сафар мекунанд:

-Аз се ноҳияи вилоят 6 нафар маблағи барои зиёрати Хонаи Худо ҷамъоварӣ кардаашонро баҳри ободони диёри худ сарф кардаанд. Аз ҷумла ду нафар аз ноҳияи Деваштич, ду нафар аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ду нафар аз ноҳияи Мастчоҳ, ки  маблағи сарфкардаи онҳо дар маҷмӯъ 198 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Имсол нархи сафари Ҳаҷ 33410 сомонӣ муқаррар шудааст-афзуд Рустамзода Сӯҳроб.

                                                                                                                                      

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *