Фоҷеаи дар оилаи Бурҳонов

Дар пайи оташсӯзӣ дар манзили собиқ сардори Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Рустам Бурҳонов, се фарзанди ноболиғи ӯ ҷон бохтаанд. Ҳодиса нимашаби гузашта дар як бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Кӯлоб, рух додааст.

Шаби 2-юми август ҳини сӯхтор Осияи 4-сола, Ёқубҷони 6-сола ва Амирҷони 7-сола, дар ҷои ҳодиса аз бӯи ғализи дуд, ҷон бохтанд.Ба қавли манбаъ, оташ дар утоқе, ки ҳамчун ошпазхона низ истифода шуда ва кӯдакон дар он хоб мекарданд, аланга гирифтаааст. Падару модари ин ноболиғон  дар утоқи дигар хоб будаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *