Тӯйчибои 12 сола аллакай бо БДА шинос шуд

Кормандони милиса дар ҷамоати Сурхи Исфара як ноболиғи 12-соларо ҳангоми рондани мошин дастгир кардаанд.

Маълум шуд, ки Тӯйчибой Тӯйчибоев, хонандаи синфи шашуми мактаби рақами 29 ҳангоми ба меҳмонӣ рафтани модараш калиди мошинро гирифта, сайругашт баромадааст.

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии СМ-1, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ноболиғи 12-сола ҳангоми идора намудани автомашина боздошт шуд.

Тӯйчибой Тоҷибоев хонандаи синфи 6-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ҷамоати Сурх ҳангоми идораи нақлиёти тамғаи «Опел», ки ба модараш таъаллуқ дорад боздошт гардид.

Модари ноболиғи мошинсавор ба мақомоти милитсия гуфт, ки ӯ ба аёдати хушдоманаш рафта буд: «Фарзандам аз мех калиди нақлиётро гирифта бо хоҳиши худаш аз набудани мо истифода бурда берун баровардааст.»

Тӯйчибой Тӯйчибоев дар ҷараёни бозпурсӣ гуфт, ронандагии бобояшро мушоҳида карда, рондани мошинро ёд гирифтааст.

Дар асоси далели ошкоргардида нисбати модару фарзанд барои вайрон намудани талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳ бо моддаи 336 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб додаанд, зеро дар Тоҷикистон ба афроди то синни 18 рондани мошин манъ мебошад.

Модари Тӯйчибойро ҳам метавонанд ба вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар айбдор кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *