Роҳбари дастгоҳи Президент имрӯз 40 сола шуд

Озода Раҳмон, духтари дуюми президенти Тоҷикистон рӯзи 3 январ ба синни 40 расид. 

3 январ Озода Раҳмон, баландмақомтарин духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 40-сола шуд. Озода Раҳмон баъди Фирӯза Раҳмонова духтари дуюми Эмомалӣ Раҳмон буда, 3 январи соли 1978 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. То тоҷикӣ кардани номаш дар моҳи апрели соли 2014 ӯ расман Озода Эмомалиевна Раҳмонова ном дошт.

Озода Раҳмон, бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 2004-2006, вақте шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиева ҳамчун намояндаи расмии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул дар шаҳри Вошингтон, пойтахти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико кор мекард, Озода Раҳмон дар бахши забономӯзии донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди Амрико таҳсил кардааст.

Озода Раҳмон собиқаи кориашро соли 2005 ҳамчун атташе оид ба масоили фарҳанг ва маорифи сафорати Тоҷикистон дар Амрико оғоз карда, баъди бозгашташ ба Душанбе дар соли 2009 сардори раёсати консулии вазорати корҳои хориҷӣ таъйин шуд ва дар ин мақом низ се сол, то соли 2009 кор кард.

Озода Раҳмон солҳои 2009-2014 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва солҳои 2014-январи 2016 муовини якуми вазири хориҷа буд. 27 январи соли 2016 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ӯ ба мақоми сардори дастгоҳи президент таъйин карда шуд.

Озода Раҳмон ҳамчунин моҳи майи соли 2016 вакили Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва моҳи июли ҳамон сол раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оида ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб гардид.

Озода Раҳмон 25 майи соли 2012 дар мавзӯи «Рушди қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Тоҷикистон (солҳои 1917—2011)” рисолаи илмиашро ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади улуми ҳуқуқшиносӣ шудааст. Озода Раҳмон ҳангоми таълифи рисолаи номзадӣ унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва раҳбари илмиаш академик Фозил Тоҳиров буд.

Озода Раҳмон мақоми Сафири фавқулодда ва мухторро дошта, моҳи майи соли 2017 рутбаи Мушовири давлатии адлия – баландтарин мақом дар низоми адлия ва прокуратураи Тоҷикистонро низ ба даст овард. Президент Эмомалӣ Раҳмон 28 августи соли 2015 хидматҳои Озода Раҳмонро бо ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ карда буд.

Шавҳари Озода Раҳмон — Ҷамолиддин Нуралиев қаблан дар мақомҳои намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул, муовини вазири молия, муовини аввали вазири молия кор карда, аз моҳи майи соли 2015 муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст. Озода Раҳмон ва Ҷамолиддин Нуралиев 5 фарзанд доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *