Дилноза: Тоҷикон аз имтиҳони вафодорӣ гузаштанд

 

Дилноза Каримова:»Бемории фарзанди ман имтиҳони муҳаббату самимияти ҳаммеҳанонам буд.Тоҷикон аз имтиҳони вафодорӣ ва садоқат гузаштанд.» Дилноза Kаримова, ки рӯзи 31 декабр писари шашсолааш Диёрбекро бо ҳазор умед ба Ҳиндустон бурда буд, рӯзи 2 январ ҷанозаи писарашро дар тобут ба Тоҷикистон овард...

Дилноза Каримова рӯзи 31 декабр бо ҳазор умед фарзанди маризаш рӯи даст ва мавҷи пуштибониву дастгирии гарми мардумаш дар пушт ба Ҳиндустон шитофт, ки Диёрбекашро аз чанги аҷал наҷот бидиҳад. Вале ҳамагӣ чанд соат баъди расидан қалби ҷигарбанди ӯ рӯи кати бемористони Деҳлӣ аз задан монд ва дилу ҷигари Дилнозаву наздиконашро пора-пора кард.

Дило, дидӣ, ки он фарзона фарзанд,
Чӣ
дид андар хами ин тоқи рангин.
Ба ҷ
ойи лавҳи заррин дар канораш,
Фалак бар сар ниҳ
ода лавҳи сангин.

Дилноза Каримова акнун бо дили шикаста ҷанозаи писари шашсолааш Диёрбек Аминҷоновро соати чори рӯзи 2 январ бо ҳавопаймои Деҳлӣ – Душанбе ба Тоҷикистон овард.

Дар фурудгоҳи Душанбе Дилнозаро наздиконаш ва ҳамчунин овозхонҳои шинохта Сарвиноз Юсуфӣ, Файзигул Юсупова ва шоираи маъруф Шоираи Раҳимҷон ва даҳҳо нафари дигар, ки нахостанд ин ҳунармандро дар ин рӯзи мусибат танҳо гузоранд, пешвоз гирифтанд.

Шоираи Раҳимҷон рӯзи 6 январ бо мақсади кумак ба табобати Диёрбек консерти ситораҳои эстрадаи тоҷикро ташкил карда буд, вале мутаассифона, умр ба Диёрбек вафо накард.

Шоираи Раҳимҷон дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки Дилноза Каримова дар фурудгоҳи Душанбе барои тамоми онҳое, ки дар ин рӯзҳои сахти зиндагиаш дар канори ӯ буданд ва пешниҳод кумак карданд, изҳори сипос кард ва гуфт: «Бемории фарзанди ман имтиҳони муҳаббату самимияти ҳаммеҳанонам буд.Тоҷикон аз имтиҳони вафодорӣ ва садоқат гузаштанд.»

Наздикони Дилноза Каримова дар миёнаи моҳи декабр эълон карданд, ки Диёрбек – писари шашсолаи ин ҳунарманд гирифтори бемории саратон шудааст ва онҳо барои табобаташ ба кумак ниёз доранд.

Дар пайи ин дар Тоҷикистон як маъракаи бесобиқаи ҷамъоварии кумак барои табобати Диёрбек оғоз ёфт. Ҳунармандони тоҷик дар Хуҷанд чанд консерт ташкил карданд. Шоираи Раҳимҷон ва маркази продюсерии «Шоира”-и нашрияи СССР нақшаи баргузории чунин як консерти хайрия дар толори Филармонияи давлатӣ дар Душанберо кашида буданд.

Шоираи Раҳимҷон мегӯяд, ки ин консертро рӯзи 6 январ ба ёди Диёрбек Аминҷонов доир хоҳанд кард, зеро агар наҷоти Диёрбек муяссарашон нашуд, метавонанд як Диёрбеки дигарро, ки мисли ӯ аз беморӣ ранҷ мекашад, аз панҷаи марг вораҳонанд.

Дар камтар аз як соли охир Дилноза Каримова дувумин овозхони машҳури тоҷик аст, ки фарзандашро ба иллати бемории саратон аз даст медиҳад.

Моҳи апрели соли 2017 Эмомалиҷони Хуршед, писари Сурайёи Қосим ва додари ягонаи Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар синни ҳаманӣ 16-солагӣ аз бемории саратон даргузашт. Иттифоқан Сурайёи Қосим низ фарзанди ягонаашро барои табобат бо ҳазор умед ба Ҳиндустон бурда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *