Тағйироти кадрӣ дар Бохтар. Файзалиев рафт, Ҳақназаров омад

Маҳмадулло Файзалиев, сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар” аз вазифааш озод гардида, ба ҷойи ӯ дар ин мансаб Нусратулло Ҳақназаров таъин карда шудааст.

Як манбаъ ба Pressa.tj гуфт, ки Маҳмадулло Файзалиев баъди аз вазифа озод шуданаш сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон таъин шудааст. Ӯ чанд сол пеш дар ҳамин вазифа дар ноҳияи Ёвон фаъолият мекардааст.

Ҳоло ба ҷойи Маҳмадулло Файзуллоев Нусратулло Ҳақназаров сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар” таъин карда шудааст. Нусратулло Ҳақназаров то расидан ба ин вазифа сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ буд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *