Таърихи пурасрори марди 256-сола ҷаҳонро ба ҳайрат овард

Соли 1933 куҳансолтарин марди ҷаҳон мурд. Ли Чинг-Юн иддао кард, ки соли 1736 таваллуд шудааст. Тибқи маълумоти дигар, ӯ соли 1677 таваллуд шудааст.

Ҳамин тариқ, ин марди дарозумртаhин метавонад 197 ва ё ҳатто 256 сол зиндагӣ карда бошад.

REN TV достони пурасрорашро бар асоси маълумот аз манбаъҳои кушод нақл мекунад. Сабтҳои аҷиб. Ҳанӯз дар соли 1930, профессори Донишгоҳи Ченду сабтҳои императориро барои соли 1827 кашф кард, ки дар он пиронсолро ба муносибати 150-солагии зодрӯзаш табрик гуфта буданд.

Пас аз 50 сол мақомот ӯро бо санаи нави муҳим – 200-солагӣ табрик карданд. Дар соли 1928, New York Times тасмим гирифт, ки тафтишоти худро гузаронад. Хабарнигори нашрия ба деҳае, ки Ли Чинг Юн дар он зиндагӣ мекард, рафта, бо сокинони маҳаллӣ мусоҳиба кардааст.

Ҳикояҳои онҳо аҷиб буданд. Ба гуфтаи бархе аз пиронсолон, бобоҳояшон ин мардро дар кӯдакӣ мешинохтанд ва ҳатто дар он вақт ҳам калонсол буд. Тарҷумаи ҳоли садсола Ли Чинг-Юн дар Қи Ҷян Сяни музофоти Сичуан таваллуд шудааст.

Вай аз хурдсолӣ ба ҷаъм оаврии гиёҳҳои шифобахш машғул шуда, тамоми умри дарози худро ба ин кор бахшидааст. Гумон меравад, ки ӯ инчунин усулҳоеро омӯхтааст, ки умри дарозро боз ҳам дарозтар мекунанд.

Дар синни 71-солагӣ ӯ ба Цай Сиан рафт, то ба артиши Чин санъати ҳарбӣ омӯзонад. Ба гуфтаи яке аз шогирдон, устод иҷрои дурусти ҳаррӯзаи машқҳоро сирри дарозумрии худ медонист. Вақте ки ин мард 130-сола буд, ӯ дар бораи марде шунид, ки умри дарозе дида, барои дарозумрии худ мубориза мебарад. Ва пайи ҷустуҷӯи ин мард шуд.

Вай дар натиҷа бо як зоҳиде вохӯрд, ки вай 500-сола будани худро эълон карда буд. Ин мард аз сирру асрори дарозумрии худ ба Ли нақлҳои аҷибе кард ва ӯро барои зиндагонии тӯлонӣ ҳидоят намуд.

Вай ҳамзамон ба ӯ сирру асрори умри дарозро ошкор карда, дар бораи машқҳо нақл кард – ба ӯ машқҳои багуажанг, гимнастикаи чигунро ёд дод, инчунин оид ба хурокхӯрӣ ба ӯ маслиҳатҳои муфиде пешинҳод намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *