Таъсиси 13 ихтисоси нав дар ДДҲБСТ
Соли таҳсили ҷорӣ дар ДДҲБСТ 13 ихтисоси нав таъсис дода шуд. Дар ин бора ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки ихтисосҳои нав асосан дар самти омӯзгорӣ ва теъникӣ таъсис ёфта, қабули донишҷӯён аллакай дар соли таҳсили нав ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин соли таҳсили ҷорӣ дар донишгоҳ тибқи қарори Шурои олимон кафедари “Методикаи таълим” низ таъсис дода шуд.
Бояд гуфт, ки соли таҳсили 2024-2025 нақшаи қабули довталабон 1675 нафарро ташкил дод. Бо ин нишондиҳанда донишгоҳ нақшаи қабулро ба пуррагӣ иҷро кард ва байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҳоло дар донишгоҳ 48 нафар донишҷӯёни хориҷӣ низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз давлатҳои Корея, Африқои Ҷанубӣ, ФР, Ӯзбекистон ва Қазиқистон мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон ДДҲБСТ бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар самти фаъолияти таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ бо муассисаҳои бонуфузи хориҷи кишвар аз ҷумла бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, ФР, Қирғизистон, Полша, Финландия ва Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмию тадқиқотии ватаниву хориҷӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба 149 адад расидааст.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ