Самарқанд ва Панҷакент бо роҳи оҳан мепайванданд
Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз раванди сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Ургут, ки яке аз шохаҳои он ба шаҳри Панҷакент мерасад, боздид ба амал овард..
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон, айни замон корҳои сохтмонӣ 200 метр дуртар аз сарҳади Ҷонбой – Саразм анҷом ёфта, роҳ ба самти Ургут идома дорад. Аз 55 километри роҳи оҳан, 38 километри он пурра сохта шудааст ва то охири моҳи август роҳи оҳан то Ургут пурра ба истифода дода хоҳад шуд.

Тибқи Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон, қарор аст, ки се километр роҳи оҳан аз нуқтаи марзӣ то ҳудуди муайянкардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар дохили Панҷакент низ сохта шавад.
Ин мавзӯъ дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни вилоятҳои Суғд ва Самарқандро муҳокима намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи сафари ҳунарии санъаткорони вилояти Самарқанд ба шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид. Ҳокими вилояти Самарқанд пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро бо хушнудӣ пазируфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ