Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуд

Шоми 4 августи соли 2025 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркманбошии Туркманистон гардид.

Дар фурудгоҳи шаҳри Туркманбошӣ Сарвари давлатро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои халқии Туркманистон ва собиқ Президенти ин кишвар истиқбол гирифт.

Пас аз маросими истиқбол, мулоқоти расмӣ миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистонро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи хос ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди табодули афкор қарор гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *