«Раҳими Мусулмониён шахсияти хушомадгӯ ва идеоложик набуд»

Аз шумори ду чашму як тан кам,
В-аз шумори хирад ҳазорон беш

Рӯҳбаланд ахтари ҷовидонсипеҳри фарҳанг ва тамаддуни ниёгони мо, дар шомгоҳони шаби қадр ба диёри абадият шитофт.
Имрӯз бохар шудам, ки профессор Раҳими Мусулмонёни Қубодиёнӣ, донишманд ва нависандаи барҷастаи Тоҷикистон дар синни ҳафтоду ҳашт солагӣ дар Душанбе бидруди ҳаёт гуфтааст.
Дуруди худованд бар ӯ бод.
Ӯро профессор Мусулмониён садо мезаданд, аммо ӯ ба шиддат дӯст дошт Қубодиёниро аз ҷо наяандозанд.
Рӯзе дар бунёди Нишопур бад-ӯ гуфтам, Устод, ин Қубодиён рӯзгоре, ки Балх Балх буд, аз тавобеъи Балх буд. Гуфт: -Бале мо ҳам балхӣ ҳастем ва ҳамшаҳрии Амир Носири Хусрави Қубодиёнии Балхӣ …
Тоҷикистон, яъне Балх ва Балх яъне Тоҷикистон…
Ӯ ҳамеша табассум бар лаб дошт, кушода рӯй ва меҳрварз буд, аммо ғубори сангини бевафоии рӯзгор, дарду ғам ва ранҷи муҳоҷиратро дар пушти хутути симои сокит ва ором ӯ метавонисти дарёбӣ.
Мо ҳар моҳ шабе дар Бунёди Нишопур гирди ҳам меомадем ва ба баҳонаи шабҳои (Тоҷикистон , Эрон ва Афғонистон )… даври ҳам менишастем …
Ҷамъи мо ҷамъ буд. Устод доктор Фариддун Ҷунайдӣ , доктор Чингиз Паҳлавон, шодравон Эраҷ Афшор, устод Абдулкарим Таманно, доктор Шодмон Юсуф, устод Муъмин Қаноат, Шакурзода ….ва ҳар бор бисёре аз аҳли фарҳанг ва адаб.
Онҷо фориғ аз сиёсат, аз марзҳо мегузаштем … То ҳама битавонанд бидуни визо ва паспорт аз Рӯдакии Самарқандӣ гирифта, то Мавлоно ва аз Амир Хусрав Деҳлавӣ, то Низомии Ганҷавӣ ҳузур биёбанд.
Рӯзе, ки шодравон Эраҷ Афшор фарзанди шодравон Маҳмуд Афшор аз марзи Дюранд сухан мегуфт , нигоранда ба шодравон Қубодёнӣ гуфтам :
-Ман, иттифоқан, бо меъёри паштунизм мувофиқам, зеро ин меъёр ба ман иҷоза медиҳад, ки бигӯям: «Ман наметавонам, тақсими сарзаминҳои Бадахшон, Балх ва Бухороро бипазирам ва ман ҳам бо иҷозаи шумо марз бо Тоҷикистонро ба расмият намешиносам, ки Хуҷанд имтидоди ҳаёти фарҳанги мост …ва эй кош ҳама ба асл худ бар гардем».
Ҳарфи ман ногаҳонӣ буд ва вокуниши шодравон Қубодёниро наметавонистам ҳадс бизанам.
Аммо ӯ ногаҳон аз ҷо баланд шуд, манро дар оғӯш гирифту гуфт: -тоҷикҳо як миллат, як фарҳанг ва як сарзаминанд, мо кишварҳои табартақсим ҳастем.
Ман ҳар вақт аз машғулиятҳои сиёсӣ ва идории Теҳрон ҳолам гирифта мешуд, роҳии кулбаи мамлу аз сафо ва саршор аз меҳру муҳаббати равоншод профессор Мусулмониёни Қубодиёниро дар ҳошияи шимолу шарқи Теҳрон (шаҳраки нафт) мегирифтам.
Суфраи ӯ ҳамеша омода буд, бонуи Мусулмониён хонуми худсохта ва фарҳехта буд, суфрааш ҳамеша мамлу аз анвоъи ғизоҳои хамирхоби тоҷикӣ буд.
Ӯ аз онҷо, ки як шахсияти мутамаллуқ, ҷангсолор, амниятӣ , низомӣ ва идеуложик набуд, аз мусоидатҳо ва илтифоти бекарони Вилояти фақеҳ бархурдор нашуд, монанди як муҳоҷир маъмулӣ, аммо бо иззат, муноъаттабъ, бовиқору боэътибор дар авҷ қаноат зист.
Абдулҳай Хуросонӣ, донишманд аз Афғонистон, яке аз дустони марҳум Қубодиёнӣ

PS. Ин навишта дар саҳифаи фейсбуки муаллиф нашр шуд ва мо бо гирифтани иҷоза аз эшон онро ба срилик хатгардон намудем.

Хатгардони Сипеҳри Кароматулло

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.