Ислом Каримов аз мардум хост ӯро «доҳӣ» нагӯянд

Президенти Ӯзбекистан Ислом Каримов рӯзи 30-юми июн аснои вохӯри бо деҳкони ноҳияи Тирмиз вилояти Сурхандарё гуфтааст, ки аз шахсияти  ӯ «доҳӣ» натарошанд ва аз мардум хост ӯро дигар «доҳӣ» нагӯянд.

Президент Ислом Каримов, ки наздики чоряк аср боз роҳабарии ин давлатро ба ӯҳда дорад, ба деҳқонон маслиҳат додааст, ки беҳтараш ба ҷамъоварии пахтаю ғалладона ва меваю сабзавот машғул шаванд, чун аз ин кори эшон назар ба пешво хондани раисиҷумҳур ба буҷаи давлат ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ нафъи бештаре хоҳад расид.

Ислом Каримов, инчунин аз мардум хостаст, барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ, заковатмандӣ ва сабру тоқат мусоидат намоянд.

Ёдовар мешавем, мулоқоти Ислом Каримов бо деҳқонони Тирмиз аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии ин кишвар мустақиман пахш шуд. Ҳангоми мулоқот бо Ислом Каримов як муйсафеди кӯҳансол ӯро доҳӣ хонд, аммо Ислом Каримов суханронии ин мӯйсафедро бурида, гуфт: «Ман зидди аз банда «тарошидан»-и доҳӣ аз ҷониби шумо ҳастам. Ин нодуруст аст, вақте ки мо ҳар замон калимаю ибораҳоеро истифода кунем, ки аз дар «боло» нишастан «доҳӣ» дарак диҳад. Мо бояд боақлона рафтору зиндагӣ кунем. Дар байни мо одамони оддӣ нест. Дар болои гардани ҳар яки мо сар меистад, ҳар кас ақлу заковати ба худ хос, назари хосаи хешро ба зиндагӣ дорад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар кулли он андешаҳое, ки « Ҳо, анна дар боло нишастагиҳо хубтар медонанд, ки чӣ кор бояд кард, мо бошем, танҳо иродаи иҷро намудани фармонҳоро дорем, у «халос»-ро зандагии замони пеш бо худ кайҳо бурдааст. Шахсан худи ман зидди чунин ақидаю суханрониҳо ҳастам».

Ислом Каримов гуфт ««Киро мо тарбия мекунем? Ҷавононеро, ки фикру андешаи худро дорад, ба ақлу заковате хеш такя мекунанд. Ин гунна ҷавонҳоро чи гуна ном бояд бурд? Балки, ҷавонони дорои истиқлоли мутлақ, оддӣ карда гӯем, Ӯзбекистон ҷавононеро тарбия мекунад, ки рӯҳану ҷисман озоданд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *