Муҳаррири «Тоҷикистон» — ғолиби озмуни БДА

Дар  рӯзи касбии кормандони БДА муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Абдумудассир Аҳмадзода ғолиби озмуни «Роҳи бехатар 2016» дониста шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар-2016» аз тарафи  Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил шуда, дар он имсол намояндагони 27 васоити ахбори умум маводи худро роҷеъ ба таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёт дар роҳҳои кишвар ба озмун пешниҳод сохтанд. Ҳайати ҳакамон 12 нафарро ҳамчун ғолиби озмун дар номинатсияҳои алоҳида эълон кард.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба ғолибон диплому мукофотро супурда, изҳор дошт, ки ҳамкории зичи мақомоти умури дохила ва ҷомеаи журналистӣ барои инъикоси бурду бохти соҳа замина фароҳам меорад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *