Ҳушдори ИМА ба Русия ва Сурия

Намояндаи доимии ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ Русия ва Сурияро ҳушдор дод, ки идома ёфтани бомбаборони мавзеъҳои мухолифони мусаллаҳ дар вилояти Идлиб «пайомадҳои ногувор»-е дорад.

Вай ҳамчунин гуфт, ИМА ба ҳама гуна истифодаи силоҳи кимиёӣ аз ҷониби артиши президенти Сурия Башор Асад посух хоҳад дод.

Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар посух гуфт, Сурия силоҳи кимиёӣ надорад.

Ба гуфтаи дипломати амрикоӣ, аз аввали моҳи равон бомбаборони минтақаҳои Идлиб пурзӯр шудааст. Ҳейлӣ афзуд, ҳавопаймоҳои Русия ва Сурия беш аз 100 зарба анҷом додаанд.

​Раҳбари Пентагон Ҷеймс Маттис ба монанди Ҳейлӣ дақиқ нагуфт, ки посухи ИМА ба истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия чи гуна хоҳад буд. Ӯ танҳо гуфт, «Димишқ ҳушдор дода шудааст. Моҳи апрел мушакҳои мо дар посух ба ҳамлаи кимиёӣ тақрибан панҷяки нирӯҳои ҳавоии Сурияро маҳв карданд ва мебинем, ки баъди он ба худ омадаанд, ё не», — афзуд ӯ.

Дар чаҳор рӯзи охир ин дувумин ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ аст, ки дар он вазъи Идлиби Сурия баррасӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *