Ҷоми VI Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо

Аз 2 то 5 октябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Мусобиқаи 6-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мусобиқаи  мазкур бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон доир мегардад. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои хориҷ даъват шудаанд.
Мусобиқаи солҳои гузашта дар вазни мутлақ баргузор мешуд, имсол бошад, варзишгарон дар вазнҳои маъмулии гуштини дзюдо миёни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг қувва меозмоянд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаи пулӣ мегарданд. Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ғолибон 10000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 3000 сомонӣ тақдим хоҳад кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *