Заминҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фурӯ мераванд. Чаро?

Давоми даҳ соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 132 гектар замин дар натиҷаи фурӯравӣ ва омадани сел аз гардиши кишоварзӣ берун шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин ноҳия 180 ҳазор ҷамъият дорад ва шуғли асосии онҳо кишоварзӣ аст.

Иброҳимзода Турахон, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки каму беш дар даҳ сол майдони 132 гектар замин фурӯ рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз декабри соли 2021 омадааст, ки заминҳое, ки дар асоси офатҳои табиӣ фурӯ рафтаанд, аз гуруҳу намудҳои заминҳои корами обӣ, чарогоҳ, маҳали аҳолинишин ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон ба дигар гуруҳу намуди замин гузаронида шаванд.

“Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оби зеризаминӣ баланд аст. Ҳамчунин, заминҳо асосан сафедхоканд, ки дар андак зиёд будани намӣ фурӯ мераванд. Ноустувории хок зиёд аст”,- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Намоз Элмуродов, сармуҳандиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбат гуфт, ки “мо ҳамасола мувофиқи нақша заҳбуру заҳкашҳоро тоза мекунем. Вале ноҳия аз сатҳи дарёи Вахш ба маротиб поинтар ҷойгир аст ва заҳкаши кам надорад”. Ӯ мегӯяд, ки бо вуҷуди ин бо боридани андак борони сахт сел меояд.

— Танҳо дар баҳори соли 2021 се маротиба ва як маротибаи дигар як ҳафта пеш сел омада буд. Дар натиҷа селроҳаҳо маҳкам шуда, канал ва заҳкашҳо аз лой пур мешаванд, ки ин кори моро мушкилтар мекунад. Тоза кардани каналу заҳкаш аз лой бе хароҷот намешавад. Техникаи муосиру махсус ҳам надорем. Вале талош мекунем ҳама мушкилиҳо марҳила ба марҳила бартараф шаванд,- меафзояд мавсуф.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.