Қурбон Ҳакимзода дастаи “Хатлон”-ро мухлисӣ кард

Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои «Хатлон» ва «Истаравшан» баргузор гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и вилояти Хатлон, дар ин бозӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда, дастаи «Хатлон»-ро мухлисӣ кардаааст.

— Қисми аввали бозӣ бе задани гол пушти сар шуд. Дар нимаи дуюми қувваозмоӣ футболбозони дастаи «Хатлон» Тоҳирҷон Тағойзода ва Равшан Азизов ба дарвозаи рақибон гол заданд. Ҳисоби ниҳоӣ 2:0 ба фоидаи соҳибони майдон шуд,- меафзояд манбаъ.

Баъди анҷоми бозӣ раиси вилоят бо ғолибон вохӯрӣ доир намуда, роҳхат ба даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистонро барояшон табрик гуфтаааст. Ҳамзамон, Қурбон Ҳакимзода ҳайати дастаи «Хатлон»-ро бо мукофотпулӣ ҳавасманд намуда, гуфтааст, ки минбаъд низ даста ва умуман, футболи Хатлон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастгирӣ хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75