Чаро фарзандони барӯмандро қадр накунем?

Дар ҷамоати Ворӯи шаҳри Панҷакент ва Урметани ноҳияи Айнӣ назарам ба лавҳае афтод, ки онҷо акси фарзандони барӯманди ҷамоатро овехтаанд. Хуб мешуд дар даромадгоҳи Дашти Қозӣ аксҳои шоирон, нависандагон ва хизматчиёни давлатии ҷамоати Ёрӣ гузошта шаванд. Чунин ободониҳо ва эҷодҳо ба мардум таъсири мусбат мерасонанд.

Агар 14 ҷамоати шаҳри Панҷакент ба фарзандони номиашон арҷ гузоранд, ин шоистаи таҳсин аст. Метавон қад-қади шоҳроҳи Панҷакент — Айнӣ шоҳбайтҳое аз эҷоди Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ, Махсум Олимӣ, Ато Карим ва ғайраҳо ҳаккокӣ кард. Ёд гирифтан ва пайравӣ кардан ба идеологияи Шӯравӣ ягон айб надорад. Охир, ҳамин шӯравӣ боиси он гардид, ки устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаро ҷаҳон шинохт. Ҳоло бошад, бархе  шоирони моро ҳатто аҳли оилаашон намешиносанд, чунки ҳар кӣ тавонист, хому хатала шеъргуна навишту китоб чоп кард. Аммо китобе, ки ба дарди мардум хўрад, то имрўз пайдо нест, “китоб” гӯён, набояд ҳар гуна фаҳшро ба хонанда пешниҳод кард!

Мегӯянд, ки дар доираи адабии Ҳирот беш аз 500 нафар шоири соҳибдевон буд, аммо имрӯз чандеро мешиносанду халос…

Халқ пучро аз сара ҷудо мекунад. Ёд доранд мардуми Панҷакенти бостонӣ ободкориҳои собиқ сарварони шаҳр Шокир Собиров, Хусрав Абдуназаров, Шафеиён Ислом Зиёзодаро. Ободонию ободкорӣ ва созандагӣ шеваи кори ҳар кас нест. Ба хотир дорам ва шоҳидам, ки солиёни охир чандин сарварони тасодуфӣ ба литсейи касби техникии шаҳр омада рафта бошанд ҳам, ҷоеро обод накарданд. Сарвари коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент Ҷовид Холов ин даргоҳи таърихӣ ва макони зиёиёни тоҷикро аз нав сохт, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муазамхон Ансорӣ чандин гӯшаю канори шаҳри бостониро обод кард. Ба хотири ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри бостонии Панҷакент таҳти роҳбарии Абдухолиқ Холиқзода беш аз 400 иншоот ба истифода дода шуд ва ҳоло ободонӣ босуръат давом дорад.

Дар ҳар як ҷаласа раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар мардумро ба созандагиву ободонӣ даъват мекунад. Дар як муддати кӯтоҳ кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Борбади шаҳр ва Марғедари ҷамоати Рӯдакӣ асфалтпӯш карда шуд. Оқибати офати табиӣ дар ҷамоати Амондара ва Ёрӣ бартараф гардид.

Биёед дару девор, хонаву дари худро обод кунем, то сайёҳону меҳмонони Тоҷикистони азиз донанд ва бинанд, ки мо ворисони Исмоили Сомонием!

Холмурод САФАРЗОДА, журналисти собиқадор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.