паспорт

Ҳар рӯз 500 нафар. Наздики 120 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд (аудио)

Мақомоти Русия шумораи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки соли равон шиносномаи Русия гирифтаанд, эълон кард. Аз ин омор бармеояд, ки ҳатто амалиёти махсуси ҳарбӣ дар Украина ва вазъи кунунии Русия натавонистааст мавҷи тоҷикистониёни талабгори шаҳрвандии ин кишварро кам кунад…

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар давоми нуҳ моҳи соли 2022-юм 119 ҳазору 605 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Тибқи иттилои манбаъ, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ҳудуди 500 нафар ва ҳар се моҳ 45,5 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд. “Теъдоди хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Русия дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст”,- менависад ин манбаъ.

Соли гузашта 103 ҳазор зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд. Яъне ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 288 зодаи Тоҷикистон шиносномаи Русияро мегирифтанд.

Тавре аз ин омор бармеояд, амалиёти махсуси низомии Русия дар қаламрави Украина, басиҷи низомӣ ва вазъи номаълуми ин кишвар ҳам натавонистааст монеи дархости шаҳрвандӣ намудани тоҷикистониён шавад.

Ёдовар мешавем, ки соли равон наздики 400 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ мақоми шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки бештарашон шаҳрвандони Украина ҳастанд. Тоҷикистон дар ин рада мақоми дуюмро гирифтааст. Барои муқоиса, бо вуҷуди он ки шумораи муҳоҷирони ӯзбек дар Русия аз тоҷикҳо хеле бештар аст, аз аввали сол ҳамагӣ 19 ҳазор зодаи Ӯзбекистон, яъне 100 ҳазор нафар камтар аз тоҷикҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Шумораи шаҳрвандони нави Русия аз ҳисоби зодагони Қирғизистон 16 ҳазор, аз Озарбойҷон 17 ҳазор, аз ҳисоби зодагони Қазоқистон 31 ҳазор ва аз ҳисоби арманиҳо 32 ҳазор бештар шудааст.

“Бо назардошти он ки боз 162 ҳазор тоҷики дигар дар Русия ҳақи иқомати доимӣ ё муваққатӣ (РВП а ВНЖ) доранд (аз ин шумора 114 ҳазор имсол ин ҳақро ба даст овардаанд), метавон гуфт, ки тоҷикҳо дар дарёфти шаҳрвандии Русия дар солҳои наздик ҳамчунон дар сафи пеш боқӣ хоҳанд монд”,- менависад манбаъ.

Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф аллакай қариб як миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон, аксаран бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва коршиносон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Омори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар 7 соли охир мақоми шаҳрвандии Русияро гирифтаанд:

Соли 2016 — 23 ҳазор нафар

Соли 2017 — 29 ҳазор нафар

Соли 2018 — 35,7 ҳазор нафар

Соли 2019 — 44,7 ҳазор нафар

Соли 2020 — 63,3 ҳазор нафар

Соли 2021 — 103,6 ҳазор нафар

Аз январ то сентябри 2022 — 119 ҳазору 609 нафар.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *